РУЙДОДИ МУХИМИ СИЁСИИ СОЛ

Вакилони конференсияи XXVII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) ба ивази вакили хориҷшуда ба ҳавзаи интихоботии шаҳрии  “Бинокор” №8 пешбарӣ карданд.

Дар конференсия инчунин суханронии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 16-уми феврали соли равон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов изҳор кард, ки суханронии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз падидаҳои муҳими сиёсии сол ва ҳуҷҷати муҳими дастурдиҳанда буда диққати на танҳо ҳизбиён, балки кулли сокинони кишварро ба худ ҷалб кард.

Пешвои миллат аз фаъолияти нерӯи тавонои сиёсии кишвар натиҷагирӣ карда, вазифаҳои навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи ҳасоси замони муосир муайян карда, изҳор намуданд, ки “Таи солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеъа, ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъияти пайдо намуда, бо зиёда аз 460 ҳазор нафар, аъзо на танҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби мафкуравию идеявии ҷомеа гардид. Ҳоло он ба нерӯи мутаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳкимбахшандаи пояҳои давлати миллиро ба дӯш гирифтааст.”

Вобаста ба мавқеи ҳизб дар ҷомеа Раиси муаззами ҳизб оид ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ, гузариш аз роҳи анъанавии истеҳсолот ба усулҳои иноватсионӣ, афзалият ба илму маърифат, таъмини рушди тандурустӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фазои сиёсии ҷаҳони пуртазоди муосир изҳори андеша карда, таъкид намуданд, “Фурсати он фаро расидааст, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо аз корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба корҳои амалӣ рӯй оранд ва бо иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва иҷрои Барномаи пешазинтихоботӣ саҳмгузор бошанд”.

Пешвои миллат дар такья ба нерӯи созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле бамаврид зикр карданд, ки “Сохторҳои ҳизбии мо бояд дар марҳилаи нави тараққиёти мамлакат бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар амри идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан дар раванди демократикунонии ҷомеа боз ҳам фаъолтар бошанд.

Дар марҳилаи имрӯза зарур аст, ки ҳар як узви ҳизби мо ғояи давлати миллиро дар миёни мардум махсусан миёни ҷавонон ва занон ҳамаҷониба талқин намоянд ва арзишҳои чун садоқат, адолат, виҷдон ва номус бояд ҳамрадифу ҳаммаънои фаъолияти ҳамарӯзаи аъзои ҳизб бошанд”.

Ба 12 дастури муҳими саривақтии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони конференсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, дар заминаи он “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (16. 02. 2018)”-ро қабул карданд

Сарвар Аҳмадов