Номзади арзанда

Вакилони конференсияи XXVII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) ба ивази вакили хориҷшуда ба ҳавзаи интихоботии шаҳрии  “Бинокор” №8 пешбарӣ карданд.

Вакили конференсия Ӯлмасова Саидахон иброз кард, ки Мо сокинони маҳаллаҳои 9, 10, Бинокор, кӯчаҳои Нарзи Ҳаитов, аз чорроҳаи Баҳор то ҷӯи Матпарӣ, Себзор ва Умари Хайём аз таъин шудани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар ҳавзаи интихоботии №8 “Бинокор” ба ҷойи вакили хориҷшуда, барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи ҳавза номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро пешбарӣ менамоем.

Саломзода Сиҷоуддин 2-юми июни соли 1965 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии ба номи Абурайҳон Берунии шаҳри Тошканд мебошанд.

Саломзода Сиҷоуддин давоми фаъолияти меҳнатӣ дар солҳои мухталиф ба ҳайси сардори дастаи сейсморазведка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубии шаҳри Орҷоникидзеобод (имрӯза Ваҳдат), сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии “Наврӯзи”-и шаҳри Кӯлоб, муовини директори генералии ширкати “Саддам”-и шаҳри Сарбанд, нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сармуҳандис ва муҳандиси мудирияти сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, муовини аввали сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудаанд.

Аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи феврали соли 2018 ба сифати раиси шаҳри Турсунзода адои вазифа кардаанд.

Дорандаи ордени “Шараф” дараҷаи 2 мебошанд.

Саломзода Сиҷоуддин бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми феврали соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шудаанд.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият бо ҷасорату кордонӣ ва малакаи ободонӣ Саломзода Сиҷоуддин байни сокинони шаҳру деҳоти Исфара обрӯ ва эҳтиром пайдо карданд.

Мо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бинокор боварӣ ва эътимоди комил дорем, ки муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин на танҳо барои ободонии маҳалли мо балки барои пешрафту шукуфоии ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ходими давлатӣ, собиқадорони ҲХДТ Мирзошариф Исломиддинов ва директори кулли ҶСШК “Корхонаи кимиёвӣ” Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода оид ба фаъолияти ободкориву созандагӣ ва иқдомҳои наҷиби номзади арзанда Саломзода Сиҷоуддин ибрози андеша карданд.

Аҳмадов Сарвар