САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН САРВАРОНИ ЧОРКӮҲРО МУВАЗАФ КАРД, ТО БА МУШКИЛИ ШАҲРВАНДОН АМАЛАН РАСИДАГӢ КУНАНД.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин рӯзи якшанбе, 25 феврали соли равон, баъд аз боздиди иншооту мавзеъҳои таъмиру азнавсозишаванда ва ширкат дар ҳашари дастаҷамъонаи ободонӣ, ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ рафта, ҳамзамон бо омӯзиши вазъи иҷтимоии маҳал, бо сокинони он вохӯриву мулоқот орост.

Шаҳрдори Исфара сароғоз аз Варзишгоҳи деҳаи Чоркӯҳ дидан кардаву лаҳзае чанд бо варзишгарони ҷавони деҳа суҳбат ороста, онҳоро дар баробари варзиш, машқу тамрин ва тарбияти ҷисмониву нерӯмандӣ ба омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, азхуднамоии забонҳои давлатию хориҷӣ ҳидоят кард.

Баъдан, боздиди ӯ аз ёдгориҳои арзишманди таърихии деҳа – Хазрати Шоҳ ва Лангари Моҳиён сурат гирифта, бо роҳбаладии муаррихи маъруф Абдуманнон Раупов бо таърихи Чоркӯҳи бостонӣ ошно гардид.
Тазаккур бояд дод, ки ҳадаф аз боздиди ёдгориву мавзеъҳои таърихии деҳа тарҳрезии минбаъдаи тадбирҳо ба хотири имконоти рушди сайёҳӣ дар Чоркӯҳи хушманзар буд.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Чоркӯҳ» вохӯрию мулоқоти шаҳрдор сурат гирифт.
Дар раванди мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва сокинони деҳоти Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло пиромуни муҳимтарин мушкилоти иҷтимоии мавҷуда табодули назар карданд.

Шаҳрдор бо зикри арзу муроҷиатҳое, ки аз ҷониби сокинони деҳа санаи 24 феврали соли равон, дар раванди қабули шаҳрвандон баён гардидаанд, раисони Чоркӯҳро мувазаф кард, то талаботу муқаррароти қонунгузориҳои амалкунандаро қатъият риоя ва ба мушкили шаҳрвандон амалан расидагӣ кунанд.
Ҳамзамон аз сокинони деҳоти Чоркӯҳ даъват ба амал овард, то ҳар яке бо роҳандозии амалҳои нек ва созандаю бунёдкорона ба ободонию пешрафти диёр саҳмгузор бошанд.

Истиқболу пазиройии шарҳрдори нав аз ҷониби чоркӯҳиён гарму самимона буд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр