ИСФАРА ВА ПАДИДАИ САЛОМЗОДА

Ба ҳузур пазируфтани аҳли адаб ва ходимони фаъоли матбуот аз ҷониби и. в. Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва анҷом додани суҳбати ҷудогона ва батафсил бо эшон ба назари ҳар аҳли ширкат хеле ҷолиб, ќобили таваҷҷӯҳ ва хотирмон расид. Пеш аз ҳама ду нуктаи ба назар сода ва одӣ, аммо хеле муҳим ҷалби таваҷҷӯҳ мекард: Аввалан, салому алеки Саломзода бо ҳар нафар бидуни такаллуфоти расмии шаҳрдорӣ ва, сониян, интихоби ғайримунтазираи (парадоксии) курсии одии нишаст барои сӯҳбати матлуб ва созанда кардан бо аҳли толор муҳимтарин нуктаи рафтори шаҳрдор буд, ки ин шева ва падидаест омӯзанда ва сабақангез. Аз ин мулоқот дониши пурбор, таҷрибаи устувор, огоҳии амиқ, тасмимгирии боҳадаф ва бовармандона, энержии комил ва фавқулодаи шаҳрдори нави Исфара дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ хеле равшан эҳсос гардид. Ҳамагон ҳис карданд, ки шаҳрдори нав атрибути хоси дарки инсонӣ ва психологияи матлубу мармузи раҳ ёфтан ба дунёи афкор ва андешаҳои ҳамсӯҳбатон, гузашта аз ин, муносибати инсонии дар ҳадди баланди муошират доштааст, сиришти хоси дунёшиносӣ ва маданияти баланди инсонӣ бо ӯст. Сӯҳбаташ хеле огоҳона ва фарогир, ҳамзамон озод ва бетакаллуф аст. Аз иттилооти интернетӣ огоҳ шуда будем, ки аввали кораш дар Исфара бо ҷалби шаҳрдорони пешин – Гулафзо Савриддинова, Холисҷон Темурҷонов, Мирзошариф Исломиддинов ва сӯҳбат бо эшон оғоз ёфт, ки ба огаҳӣ аз равиш ва анъанаву менталитети хоси раҳбарӣ ва шаҳрдории Саломзода ишора мекунад ва баҳрамандии як нафар раҳбари нуктадон ва нукташиноси огоҳ аз равишҳо ва методологияи кори шаҳрдориро нишон медиҳад.
Фикр мекунам, бо ҳузури ин раис ва шаҳдор, бо зуҳуроти шаҳрдории ӯ боз як давраи нави сохтмони иҷтимоиву маънавии шаҳри Исфара оғоз гардид…