АРҶГУЗОРӢ БА ҲОМИЁНИ ВАТАН ДАР ИСФАРА

Ҷашни саиди 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шаҳри Исфара бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ, дар сатҳи шоиста таҷлил гардид.

Бино бар тасмими роҳбарияти шаҳр тантанаҳои умумишаҳрии ҷашнӣ 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имсол дар маркази маҳаллаи Навободи шаҳр хушу хотирмон сурат гирифт.

Муборакбодии идонаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳам намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Озифхон ба унвонии ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои дар қаламрави шаҳри Исфара амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сохторҳои қудратӣ ва ҳам кулли сокинони Исфарамарз пурмуҳтавову самимона буд.

Ҳамзамон бо ёдоварди таърихи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматҳои бузургу бебаҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиҳати соҳиби инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири гардидани Артиши миллӣ, ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ табдил ёфтани он хосса зикр гардид.

Сипас бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаву софдилона ба гурӯҳи низомиёни шуҷои қисмҳои ҳарбии дар Исфара буда тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ идомабахши тантанаҳои идона буд.

Тазаккур бояд дод, ки дар интиҳои тантана иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо арзи сипос ба аҳли фарҳанг дигарбора ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва ҳимояи он, волидайни онҳоро барои сафарбарнамоии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ ва кулли сокинони шаҳрро ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳидоят кард.

Маркази матбуотии раиси шаҳр