АМАЛИ НЕКИ ШАҲРДОРӢ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин якҷоя бо шахсиятҳои маъруфу барӯманд ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ба дидорбинӣ ва муборакбодии чанд тан аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд.
Дар радифи дигар тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 25 — умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат дидорбинию аёдати зиёда аз 100 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва аҳли хонаводаи сарбозони ҷонфидои Ватан, инчунин шахсони маъюб ва ниёзманд… — аз ҷумлаи иқдомҳои неку амали хайрандешонае буд, ки роҳбарияти мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар арафа ва рӯзи ҷашн роҳандозӣ намуд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр