ШАҲРДОРИ НАВИ ИСФАРА РӮ БА РӮ БО АҲЛИ ҚАЛАМ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин 22 феврали соли равон бо эҷодгарони шаҳр, кормандони васоити ахбори умум, роҳбарияти Бахшҳои шаҳрии Иттифоқҳои журналистон ва нависандагон вохӯрию мулоқот орост.

Дар раванди мулоқот бо шаҳрдор аҳли эҷоди Телевизион ва радиои Исфара, рӯзномаи “Насими Исфара”, ҳафтаномаҳои «Имрӯз», «Хазинаи маърифат», нашрияи «Навиди донишгоҳ», маҷаллаи «Ганҷи Исфара», Намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», раисони Бахшҳои шаҳрии Иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон, масъулини маҳфили адабии «Ганҷи Исфара», роҳбарияти Маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара, нафаре чанд аз таҷрибаомӯзони васоити ахбори умум, эҷодкорони ҷавон ширкат доштанд.

Саломзода Сиҷоуддин сароғоз бо ҳар яке аз ширкатдорони мулоқот аз наздик шинос шуда, зимни каломи ифтитоҳии хеш саҳму нақши кормандони васоити ахбори умум ва аҳли адабро дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр, густариши завқи зебоипарастонаи мардум ва ташаккули маънавии аҳли ҷомеа бузургу муассир арзёбӣ кард.
Мавсуф ҳамзамон бо баёни нақшаву ният, тарҳу лоиҳа ва иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аҳли эҷодро ба ҳамназариву ҳамкорӣ даъват намуд.
Дар раванди ин мулоқоти самимона шаҳрдор ва аҳли қалам пиромуни роҳҳои тақвиятбахшии ҳамкориҳои судманд, мусоидат ҷиҳати ташкилу баргузорнамоии Ҳамоиши байналмиллалӣ бахшида ба арзишмандиҳои осори гаронбаҳои шоири маъруфи форсу тоҷик Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, роҳандозии иқдомот ҷиҳати болобурди фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ, муаррифии ёдгориву обидаҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли ин нек табодули назар карданд.

Таассуроти ҳозирини мулоқот аз шиносоии наздик ва дидорбинию суҳбати самимонаи шаҳрдори Исфара, бино бар гуфти ширкатдоронаш, неку хушоянд буд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр