Таъсиси Шӯрои занон

Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳр беш аз 800 нафар занонро муттаҳид менамояд.
Занони ҳизбӣ баҳри барқарорнамоии саломатии шаҳрвандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим таҷрибаи зарурӣ андохта, бо мақсади таъмини Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти тадбиқи сисёсати иҷтимоӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидои Шӯрои занон дар ҳайати 9 нафар созмон доданд.
Шӯрои занон тасмим гирифт, ки минбаъд ба солимии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ байни занон, дастрасии занони камбизоат ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ саҳми шоиста гузорад.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара