РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба истиқболи сазовори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии шаҳри Исфара бо иштироки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, модарони сарбоз ва афсарону сарбозон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов, иштирокдоронро ба ҷашни 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба таъсис ва саҳми арзандаи Артиши миллӣ баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини амнияти кишвар изҳори андеша кард.
Командири қисми низомии02267 полковник Фахриддин Назирматов дар бораи саҳифаҳои қаҳрамонии афсарону сарбозони Тоҷикистон маълумот дод.
Орзухон Юсупова ҳамчун модар ба афсарону сарбозон ва даъватшавандагон муроҷиат карда, изҳор намуд, ки ҷавонон сипар ва девори ҳимояи марзу буми кишвар ҳастанд. Ҳар як модар бо умеде гаҳвораи писарро алвонҷ медиҳад, ки ӯ номбардору ҳимоятгари хоку номи Модар –Ватан бошад. Онро аз боду газанд ҳимоя карда тавонад.
Хатмкунандаи муасссисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №1 Саъдуллозода Раҳмон аз омодагиаш ба хизмати Ватан муждаи нек расонид.
Аз ҷониби муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов ва И.Мақсудов ба якчанд нафар аскарону сарбозон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.
Ҷавонписарон бо сарбозон суҳбат ороста аз шароити буду боши онҳо аз наздик шинос шуданд.
Дар интиҳо барномаҳои фарҳангӣ хотири афсарону сарбозон ва даъватшавандагонро болида гардонид.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара.