МУЛОҚОТИ САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН БО ДЕНИС КУРБАТОВ УМЕДБАХШУ СОЗАНДА БУД.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бонкири пешбар оид ба инфрасохтор дар Россия ва Осиёи Марказии Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид Денис Курбатов ва сарпарасти лоиҳаҳо дар шӯъбаи мунитсипиалӣ ва инфрасохторӣ Ҷамшед Холовро ба ҳузур пазируфт.

Дар раванди ин вохӯриву мулоқоти мазкур роҳу тариқи самарабахши ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Исфара», масъалаи такмилу ташаккулдиҳии сохтори идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ба меъёрҳои санитарӣ ва экологӣ мутобиқ намудани раванди мазкур, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, васеъ намудани доираи фарогирӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии коммуналӣ мавриди баррасии амиқу ҳамаҷонибаи тарафайн қарор ёфт.
Денис Курбатов ҳамзамон бо муборакбодии Саломзода Сиҷоуддин ҷиҳати таъин гардиданаш ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара иттилоъ дод, ки Асосноккунии иқтисодиву техникии лоиҳа аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «СЕМИ» ба анҷом расида, ба оғози татбиқи лоиҳа хулосаи мусбӣ дода шудааст.
Айни замон, бо назардошти хулосаи ташкилоти байналхалқии «СЕМИ» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаи Созишномаи сетарафа байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд омода ва барои гирифтани хулосаҳои дахлдор ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосӣ аз таҳия ва амалисохти лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Исфара беҳдошти сатҳи идоракунии сохтории партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии шаҳр ва кам намудани теъдоди бемориҳои сироятии бар асари партовҳои сахти маишӣ зуҳуркунанда маҳсуб меёбад.
Маблағи лоиҳа 4 миллион доллари ИМА -ро ташкил медиҳад, ки 2 миллион доллари он ҳамчун грант ва 2 миллион доллари он ба тариқи қарзи имтиёзноки дарозмуҳлат – то 15 сол ба андозаи 1,8% солона пешниҳод мегардад.
Тибқи нақша, дар доираи амалигашти лоиҳаи мазкур 12 адад техникаҳои махсуси партовкашон, наздик 300 адад қуттиҳои партовҷамъкунӣ харидорӣ гардида, партовгоҳи асосии шаҳрӣ мувофиқ ба талаботҳои байналхалқӣ пурра азнавсозӣ мегардад ва коргоҳи хурди коркарди партов сохта хоҳад шуд.

Маркази матбуоти раиси шаҳр