Ҷаласаи раёсат

21-уми феврали соли равон маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара масъалаи“Даъвати маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара”, “Тасдиқи қарорҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар бораи қабул ба сафи ҳизб”-ромавриди баррасӣ қарор дод.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Асадуллоев Б.Ҷ. қайд намуд, ки бо дарназардошти рӯзи 22-юми апрели соли равон эълон гардидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи итихоботии “Бинокор” №8 ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара даъват карда шуд.
Ҳамзамон узвияти 110 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эътироф ва ба расмият дароварда шуд.

Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара