Исфара: — БОЗДИДИ ШАҲРДОР ВА 60 РОҲБАРИ ҶОМЕАҲОИ МЕҲНАТӢ АЗ ГАРМХОНАИ ЯК СОҲИБКОРИ ГУЛПАРВАР

Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин роҳбарону масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, хизматрасонӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сарварони корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоштаро ба шумури беш аз 60 нафар ҳамроҳ бо худ, ба сайру тамошои гармхонаи ободи соҳибкор Парвина Абдуллоева бурд.

Ҷоизи зикр аст, ки гармхонаи соҳибкор Парвина Абдуллоева, ки дар деҳаи Қалъачаи Мазори ҷамоати деҳоти Шаҳрак воқест, дорои ҳамаги 1 гектар масоҳат ва 2 гармхона аст, ки дар фасли сармо тавассути сӯзишвории ба мардуми Исфара дастрас – ангишти Шӯроб гарм карда мешавад.

Раиси шаҳр ва ҳамроҳонаш аз тамошои гармхонаи якум, ки соҳибкор дар он кӯчати беш аз 100 ҳазор бех гулҳои ороиширо сабз кардааст ва намуди онҳо зиёда аз 30 номгӯй аст, як ҷаҳон таассуроти неку хушоянд бардоштанд.

Боздид аз гармхонаи дуввум, ки он ҷо парвариши помидор роҳандозӣ гардидааст ва шиносоӣ бо таҷрибаи сабзавотпарварии соҳибкор Парвина Абдуллоева, ки ҷиҳати таъмини фаровонии бозори шаҳр бо помидорҳои тару тоза ва хушмазза саҳми хосса дорад, инчунин истифодаи самараноки замин барои ташрифкунандагон аз ҳар ҷиҳат сабақомӯз буд.

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни ин боздид ва доирсозии як суҳбати озод таҷрибаи меҳнатии соҳибкор Парвина Абдуллоеваро шоистаи омӯзишу ибрату пайравӣ арзёбӣ намуда, бо машварату маслиҳати мутахассисон гулу гулбуттаҳои зеббахшу ба иқлими Исфара мувофиқро барои кӯчатшинонию парвариш дар мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ ба роҳбарону масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, хизматрасонӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сарварони корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта тавсия дод.
Роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба нишони ҷонибдорӣ аз иқдомоти шаҳрдор тасмим гирифтанд, ки илова бар ҳудуди корхонаҳои хеш дар гулзору кабудизор кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр саҳмгузор хоҳанд буд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи нақша то санаи 15 марти соли равон, дар ҳудуди шаҳр 5890 бех дарахтони ороишӣ ва 12400 бех қаламча шинонида, масоҳати 8000 метр2 гулзор карда хоҳад шуд.

Маркази матбуоти раиси шаҳр