ТАЧЛИЛИ 25 СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛИ ДАР МАКТАБ

Бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и деҳаи Хушободи ҷамоати Хонобод чорабинии пуршукӯҳи идона  доир гардид.
Сарвари муассиса Юлдуз Турғунова  зимни ифтитоҳи қисмати расмии чорабинӣ  тамоми толибилмону омӯзгорон ва меҳмонони  дар майдони мактаб  ҷамъомадаро ба муносибати ҷашни Артиши миллӣ табрик намуд.
Раиси ҷамоати деҳоти Хонобод Суруриддин Зиёвадинзода аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкили кишвар арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 25 сол ба нерӯи бузурги ҳимояи марзу бум табдил ёфтааст. Ва оромии ҷомеа ба маҳорату мардонагии фарзандони шуҷои миллат вобастагии калон дорад.

Собиқадори набардҳои Афғонистон  Нурилло Қурбонов ба насли ҷавон аз имтиҳоноти сангини дар майдонҳои набард паси сар намудаи хеш ҳикоятҳои ҷолибу ибратомўз оварда, зикр намуд, ки дар ҳама давру замон ҳифзи Ватан,фазои осудаи ҷомеа ва ширкат дар равандҳои бунёдкориву созандагū амалҳои нек ва пурифтихор маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов ва сармутахассиси шӯъбаи хадамоти муҳоҷират Мустақим Аҳмадов  низ аз нақши пурарзиши ҳомиёни Ватан дар ҳифзи сулҳу суббот ва марзу буми кишвар сухан гуфта, ёдовар  шуданд, ки мардуми мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ба неруи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоиштаи худ эътимоди қавӣ дорад.

Баъдан хонандагон таҳти сарварии омӯзгори фанни дифоъи мактаб Ғафурҷон Юлдошев намунаи машқҳои ҳарбию варзишии  худро ба иштирокдорони чорабинии идона намоиш дода, бо гузашти низомӣ ин қисмати ҷамъомадро ранги дигар бахшиданд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи толибилмон, ки иборат аз шеъру суруд ва рақсҳои тараннумкунандаи Ватани маҳбуб, сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ  буд, ба ин тантана шукуҳи хоса бахшид.

Бояд тазаккуур дод, ки ширкат ва ҳузури иштирокчии ҶБВ, собиқадори меҳнат яке  аз куҳансолтарин мӯйсафедони деҳа Раҷаббой Урмонови 93 сола ва панду насиҳатҳои ӯ ҳидоятгари насли ҷавони ҷомеа ба сӯи некиву накӯкорӣ ва ватандӯстиву ҷавонмардӣ буд.

Ширкатдорони фаъоли чорабинӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.