ИСФАРА: — БИНОИ АЛОҲИДАИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ШАҲРИИ ҲХДТ БУНЁД МЕГАРДАД.

Бо иқдом ва мутобиқ ба қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин барои сохтмони бинои алоҳидаи маъмурӣ ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қитъаи замини мувофиқ барои балоиҳагирӣ ва сохтмони иншооти маъмурӣ ҷудо гардид.
Ҷоизи зикр аст, ки иқдоми мазкур тибқи дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти афзоиши пайвастаи сафи аъзо ва нуфузи рӯзафзуни ҳизб рӯйи кор омадааст ва ҳадаф аз он фароҳамсохти шароити созгор барои фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб маҳсуб меёбад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар 8 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 173 ташкилоти ибтидоӣ 12863 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамояд.
Бино бар гуфтори раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Бурҳонбек Асадуллоев ташаккули фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизб дар маҳаллҳои аҳолинишин ва сернуфуз имконият фароҳам овард, ки танҳо дар давоми соли 2017 теъдоди кумитаи иҷроияи ибтидоӣ 1 адад, ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 18 адад афзоиш ёбад. Дар як вақт қабули босифати аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, теъдоди аъзои ҳизб беш аз 1000 нафар, асосан аз ҳисоби ҷавонони болаёқат зиёд гардидааст.
Ҳамзамон, теъдоди занон дар зинаи роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоӣ афзоиш ёфтааст ва айни замон аз 173 раисони ташкилотҳои ибтидоӣ 71 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки бинои наву алоҳидаи маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд ва то охири соли 2018 сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар иншооти мазкур ҳамчунон Ташкилоти ҷамъиятии чавонон — “Созандагони Ватан” низ ҷойгир хоҳад шуд.