ХАШАРИ ОБОДОНИ

Дар шахру дехоти Исфара бахри таъмини ичроиши дастуру хидоятхои Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва чихати истикболи сазовори фасли нозанини сол — бахор, фарохамсохти шароит бахри таквият бахшидани амалхои созандагиву бунёдкори, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуни ва нихолшинони, дар доираи маъракаи «100 рузи ободони«, мувофик ба даъвати макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати шанбегии умумишахри баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободониву тамизкори кормандони тамоми шуъбаву бахшхои макомоти ичроия, чамоатхо, корхонаву ташкилот, муассисаву хочагихо, муаллимону мухассилини муассисахои таълими, сокинони махаллахои худуди шахр ва шахраку дехот ширкати фаъолона варзиданд.
Тибки маълумоти пешниходнамудаи бахши хифзи мухити зисти шахр дар чараёни шанбеги муассисахои таълимии тобеи раёсати маориф, беморхонаи маркази ва маркази саломатии шахр, осоишгохи «Зумрад», коллечи тибби, суд ва судичрочиён, шуъбаи сабти асноди холати шахрванди, маркази чавонон, фонди нафака, раёсати омор ва сокинони махаллахои худуди шахр фаъолнокии бештар нишон доданд.
Дар ин руз дар умум 22 хазору 191 нафар хашарчиён ба шинонидани 727 бех нихолхои дарахтони ороиши, 1612 бех дарахтони мевадиханда, 203 бех дарахтони сояафкан ва 94 бех гулхои ороиши, сафед кардани 4 хазору 430 метри мураббаъ девори бинову иншоотхо ва танаи 2 хазору 673 бех дарахтон, рубучини 26 хазору 472 метри мураббаъ сахни худуди вобастабуда, тоза намудани 2 хазору 237 метри тулони нахру чуйборхо ва баровардани беш аз 246,6 метри мукааб партов муваффак гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки чунин шанбегихо хафтаи сеюм аст, ки дар худуди шахру дехот баргузор сохта мешаванд.