Омодаги ба ҷаласаи раёсат

Барои омода намудани маводи маҷлиси навбатии раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳ маводҳо оид ба “Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рафти иҷрои Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди илм, маориф ва фарҳанг”, “Рафти иҷрои барномаҳои пешазинтихоботии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбаришуда”-ро таҳия ва ба раёсат пешниҳод менамояд.