МУЛОҚОТИ САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН БО ҲОКИМИ НОҲИЯИ БОТКАНД САЛИХОВ КЕНЕШ

14 феврали соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Саломзода Сиҷоуддин меҳмононро ба шаҳри бостонии Исфара самимона хайрамақдам гуфта, зимнан аз ташриф ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Шарипович Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1 феврали соли равон дар руҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, нек ёдовар гашт.
Тавре зикр гардид, мулоқоти хосаи сарони давлатҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков, ба имзо расидани як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро ба сатҳи сифатан нав баровард.
Саломзода Сиҷоуддин аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавӣ — КАСА-1000, ки бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, муҳимму арзишманд ва таҳкимбахшандаи минбаъдаи робитаҳо миёни ин ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.
Шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳамчунин афзуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои рушди муносиботи дӯстӣ, ҳамзистии осоиштаи сокинон ва тақвияти ҳамкориҳои тарафайн судманд бо ҳукумати ноҳияи Ботканд ҳамеша омода аст.
Ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш ба роҳбарияти шаҳр барои қабули гарму самимӣ изҳори сипос карда, зимнан Саломзода Сиҷоуддинро ҷиҳати ба вазифаи пурмасъули раиси шаҳри Исфара таъин гаштанаш самимона табрик гуфт ва дар кору фаъолияти минбаъдааш комёбиву муваффақият таманно кард.
Таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷик қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ дар як сарзамин зиндагонӣ доштанд, имрӯз ҳам аз як дарё об менӯшанд, аз як ҳаво нафас мекашанд ва бояд, ки минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагонро идома бахшанд.
Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, аз ҷумла байни мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти сарҳадии ҳар ду ҷониб, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи дӯстиву рафоқат, ҳамзистии осоишта, ширкати намояндагони расмии тарафайн дар ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ, инчунин ташкилу баргузорнамоии чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ таъкид намуданд.
Дар раванди мулоқот сардорони мақомоти корҳои дохилӣ, хадамоти сарҳадӣ ва дигар масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳар ду ҷониб, инчунин намояндаи ваколатдори вилояти Суғд дар вилояти Ботканд Эсанов Ғиёсиддин ширкат доштанд.

Маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *