ДАР ИСФАРА МИНБАЪД АНДОЗ ПЕШАКӢ СИТОНИДА НАМЕШАВАД

Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ба муовини соҳавии худ оид ба иқтисодиёту саноат, ба роҳбарони раёсати молия ва нозироти андози шаҳр дастури қатъӣ дод.

Шаҳрдори Исфара ҳамзамон бо таҳлили амиқу воқеъбинонаи вазъи молиявию иқтисодӣ, мушкилот ва сабабу омилҳои асосии иҷро нагардидани буҷети давлатӣ, ба хотири минбаъд халалдор насохтани фаъолияти андозсупорандагон талаби пешпардохт кардани маблағи андозро манъ намуд.
Зеро, бино бар таъкиди ӯ яке аз монеаи асосии пешрафти истеҳсолоту тиҷорат, хизматрасониҳо ва рушди соҳибкорӣ, инчунин нокифоягии маблағҳои гардишӣ дар ихтиёри хоҷагидорон, маҳз пешакӣ ситонидани андоз маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, масъулини сохторҳои дахлдор барои риояи муқаррароти қонунгузории марбута, таъмини шаффофияти кор дар самти ҷамъоварии андоз, истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда ва дарёфти захираҳои дигари қонунии андозбандӣ вазифадор карда шуданд.
Сарварони як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», Ҷамъияти муштараки «Петролеум Суғд», Корхонаи сементбарории Исфара, ки ташаккулдиҳандагони асосии буҷет маҳсуб меёбанд, инчунин соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, дар раванди ҷаласа аз ин иқдоми дурандешонаи раиси шаҳр изҳори қаноатмандӣ карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибмулкони корхонаҳои истеҳсолӣ дастур дод, ки ҷавобан ба ин иқдом, қатъи назар аз шакли моликияташон барои истифодаи ҳарчӣ бештари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, роҳандозии самтҳои нави фаъолият ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот амалан корбарию мусоидат намоянд.
Дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон вазъи воқеии соҳаи кишоварзӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳр зимнан аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ ва рафти мавсими ниҳолшинонӣ изҳори нигаронӣ карда, масъулинро барои чораҷӯӣ ва дар муҳлати камтарин ба анҷом расонидани яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳо, муташаккилонаю босамар гузаронидани мавсими ниҳолшинонӣ ва киштукори баҳорӣ, омодасозии шабакаҳои обрасонӣ, тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии чорвордорӣ ва таъмини рушди соҳаи паррандапарварӣ мушаххасан вазифадор намуд.
Бояд тазаккур дод, ки баҳори соли равон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара на кам аз 100 гектар боғи нав бунёд ва дар масоҳати 200 гектар боғҳом куҳнаю бесамар аз нав барқарор карда мешаванд.
Дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон дигар масъалаҳои муҳиму иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *