Шаҳрдори нави Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо дуою таманноҳои пирони барнодил кор оғоз кард.

Нахустин иқдоме, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба ҳайси шаҳрдори Исфара пеш гирифт, дидорбинӣ бо мӯсафедони рӯзгордида ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру деҳоти Исфара буд.
Сиҷоуддин Саломзода 12 феврали соли равон 74 нафар шахсиятҳои барӯманди диёр, собиқ сарварони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, тиҷорату хизматрасонӣ, фарҳангу маънавиёт ва матбуот, инчунин чанде аз занони соҳибэҳтироми Исфарамарзро ба ҳузури хеш хондаву соате чанд бо онҳо дидорбинию мулоқоти самимона дошт.
Мавсуф сароғоз бо сипосгузорӣ аз боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъиноташ ба вазифаи раисии шаҳри Исфара, аз боби дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаю ояндасози Ҷаноби Олӣ ва таваҷҷуҳи хосаашон ба шаҳри куҳанбунёду бостонии Исфара ва мардуми меҳнатқарину ҳунарманд, созандаю бунёдкор ва фарҳангпарвару меҳмоннавози он нек сухан ронда, худро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Нахустин бардоштҳои худро аз боздиди шаҳр ва шиносоияш бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, раванди корҳои бунёдгарона ва ободкорона ба аҳли маҳфил баён дошта, зимнан нақшаву ниятҳои нек, ҳадафу мақсад ва матлаби худро бозгӯйӣ кард.
Дар раванди мулоқот арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ, яке аз шахсиятҳои шинохтаву барӯманд Савриддинова Гулафзо, собиқадорони меҳнат Шералӣ Миристоев, Абдусамад Шомирсаидов ва адиби маъруф Додохони Эгамзод суханронӣ намуда, ҳамзамон бо муборакбодӣ ва изҳори таманноёти нек ба раиси тозатаъини шаҳр Сиҷоуддин Саломзода, фикру ақида ва таклифу пешниҳодоти хешро вобаста ба роҳҳои таъмини пешрафту тараққиёти Исфара баён карданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои муҳимме чун зарурату эҳёи дубораи шуҳрати Исфара ҳамчун минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта, бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, роҳандозии иқдомот барои сохтмони хати оби худҷории «Сурх –Моҳпарӣ» ва дар ин замина тақвиятбахшии кор дар самти азхудкунии заминҳои ташналаби мавзеи Моҳпарӣ, ҳалли масъалаи эҳтиёҷмандии шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди маҳаллҳои нави аҳолинишин, ташкили ҳамоишҳои илмию адабӣ бахшида ба арзишмандии осори шоири классики тоҷику форс Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, бунёди гулгашт ва гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзона ва бузургмардони диёр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, болобардошти эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстиву ватандории насли ҷавони ҷомеа, пешгирии гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифртгарову фарҳанги бегона… ва амсоли ин мавриди гуфтугузори ҳозирин қарор ёфтанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо арзи эҳтиром аз пирони рӯзгордида ва шахсиятҳои соҳибэҳтироми шаҳр хоҳиш намуд, то дар ҳама ҷода раҳнамову ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба рӯзгори неку шоиста, амалҳои писандида, иқдомоти созандаю бунёдкорона ва одобу ахлоқи ҳамида бошанд.
Мулоқоти шаҳрдор бо пирони кор самимонаю ошкоро ва судманду созанда гузашт.

Маркази матбуотии раиси шаҳр