Пирӯзии муштзани исфарагӣ дар мусобиқоти бонуфуз

Муҳаммад Ёқубов дар мусобиқот барои дарёфти мақоми Чемпионии WBA continental и IBF Baltic пирӯз гардид.

Муҳаммад Ёқубови 22 сола то ҳанӯз мағлубиятнодида буда, дар самти муштзанӣ (боксёр) тамринҳо дорад. Зодаи шаҳри Исфара буда, 10 феврал дар мусобиқот барои дарёфти мақоми Чемпионии WBA continental и IBF Baltic, ки дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид, ҳамчун намояндаи Санкт – Петербург бо ҳарифаш Марк Урванов аз Первоуральск қувваозмоӣ намуда, пирӯзӣ ба даст овард.