ИСФАРА: — БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ФАЪОЛОН ВА МУАРРИФИИ ШАҲРДОРИ НАВ

10 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон ва маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин баргузор гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода сароғоз фаъолонро бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод намудани Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шахри Исфара таъин намудани Саломзода Сиҷоуддин шинос намуд.
Сарвари вилоят зимни суханронии хеш аз фаъолияти босамари роҳбарии Дилшод Расулзода дар вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ»-и Исфара ёдовар шуда, қаноатмандии худро аз амалҳои густурдаю муваффақонаи мавсуф дар мансаби раиси шаҳри Исфара нек баён дошт.
Тавре зикр гардид, мавсуф ба ҳайси раиси шаҳр дар самти таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди як силсила иншоотҳои муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободонии ҳудуд ва беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои шаҳру деҳот ва амсоли ин саҳми муассиру назаррас гузоштааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ барои фаъолияти минбаъдааш баҳри пешрафти ҷомеа ва ободонии диёр муваффақият орзу карда, зимнан иҷрокунандаи вазифаи раиси шахри Исфара Сиҷоуддин Саломзодаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Фаъолияти серҷабҳаю назарраси мавсуфро хосса зикр ва изҳори умедворӣ аз он кард, ки шаҳдори нави Исфара бо истифодаи таҷрибаю малакаи ғании сарвариаш барои рушду тараққиёт ва ободии Исфара, инчунин баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии сокинонаш чораҷӯию мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳамзамон бо арзи сипос ба унвонии Пешвои муаззами миллат ва ҳам роҳбарияти вилоят барои боварию дастгириҳояшон арзи сипос намуда, давоми солҳои 2016 ва 2017, ду маротиба ба шаҳри Исфара ташриф овардани Президенти мамлакатро баёнгари таваҷҷуҳи хосаашон ба Исфара ва мардуми он арзёбӣ кард.
Мавсуф дастовардҳои давоми сарвариаш ноилгардидаро натиҷаи сарҷамъии халқ ва дастгириҳои мардум, аз ҷумла фаъолон аз иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр шуморид ва ҳамчунон миннатдории хешро ба аҳли ҷамъомад баён дошта, ба раиси тозатаъини шаҳр Сиҷоуддин Саломзода барору омади кор хост.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода барои эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ташаккур намуда, изҳори умедворӣ аз он дошт, ки якҷоя бо фаъолон ва мардуми созандаю бунёдкори Исфара дар самти пешрафту ободонии диёр ва беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон саҳми муассир хоҳад гузошт.
Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр ҳангоми суханронии хеш Раҷаббой Аҳмадзодаро барои таъиноташ ба вазифаи пурмасъули раиси вилояти Суғд ва ҳам Сиҷоуддин Саломзодаро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардиданаш сидқан муборакбод гуфта, дар иҷрои рисолати бар дӯшашон вогузоргардида барояшон муваффакияту комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамзамон бо зикри фаъолияти пурмаҳсулу босамар, созандаю бунёдгарона ва хизматҳои анҷомдодаи Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз номи ҳамдиёрон самимона ташаккур изҳор кард.
Дар идомаи ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро мавриди таҳлилу бозгӯйии мушаххас қарор дода, масъулинро вазифадор кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар самтҳои алоҳидаи фаъолият ва таъмини рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи фаъолон, масъулини сохторҳои марбута ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба иҷроиши нақшаи кисми даромади буҷет, пурра ба кор андохтан ва истифодаи самаровари иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда, роҳандозии самтҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини рушди бемайлони соҳаи саноат, эҳёи дигарбораи шуҳрати Исфара ҳамчун шаҳри саноатӣ, ба шаҳри содиркунандаи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ табдил додани Исфара, инчунин ҷамъоварии пурраи маблағҳои об ва барқи истифодашуда ҷалб карда шуд.
Хамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ карор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин ба таври мушаххас вазифагузори сурат гирифт.

Маркази матбуотии раиси шаҳр