Саломзода Сиҷоуддин — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

Саломзода Сиҷоуддин, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид, дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ кору фаъолият намудааст.

Саломзода Сиҷоуддин 2 июни соли 1965 таваллуд шуда, хатмкардаи  Институти политехники Тошкент ба номи Абдурайҳон Беруниро (рӯзона-cоли 1989) мебошад. Ихтисосаш муҳандиси кӯҳӣ-геофизик. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) буда, бо   Ордени «Шараф» дараҷаи 2 мукофотонида шудааст. Оиладор. Аз 9 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1982-

Коргари совхози «ХII партсъезд»,  ноҳияи Данғара

Солҳои 1982-1983-

Донишҷӯи Институти политехникии Тошкент ба номи Абдурайҳон Берунӣ, шаҳри Тошкент

Солҳои 1983-1985-

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Украина, шаҳри Макаров

Солҳои 1986-1989-

Донишҷӯи Институти политехникии Тошкент ба номи Абдурайҳон Берунӣ, шаҳри Тошкент

Солҳои 1989-1994-

Оператор-геофизик, сардори отряди сейсморазветка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷеникидзеобод

Солҳои 1994-1995-

Сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб

Солҳои 1995-2003-

Таъминотӣ, сардори сехи электрики конструксияи оҳанубетонии №8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд

Солҳои 2003-2004-

Нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006-

Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НБО-и Роғун, шаҳри Роғун

Солҳои 2006-2011-

Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2013-

Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун»

Солҳои 2013-2015-

Сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри

 Соли 2015-2018-

Раиси шаҳри Турсунзода