ВОХУРИ ДАР СУРХ

Дар доираи накшаи кории муштараки макомотхои ичроияи махаллии хокимияти давлати ва хифзи хукук имрузхо дар худуди шахру дехоти Исфара аз чониби гурухои таргиботи байни кишрхои гуногуни чомеа нуктахои умдаи Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон шарху тавзех дода шуда, масъалахои мубориза бо терроризму экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва сатхи ичроиши Конуни ЧТ«Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» мавриди мухокима карор дода мешаванд.
Ахиран дар ин радиф Прокурори шахр Рахмонзода Анвар Хол, комиссари харбии шахр Амирхамза Аваз-ализода, сардори Шуъбаи 2-юми ВКД ЧТ дар шахри Исфара Косим Насимзода, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва чашну маросимхо Саидчон Мубинов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавчудахон Назирова бо беш аз 200 нафар сокинони чамоати дехоти Сурх мулокоти судманду муфиде анчом доданд.
Прокурори шахри Исфара, мушовири адлияи дарачаи 1-ум Рахмонзода Анвар Хол дар маърузаи худ нуктахои мухими Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии ЧТ-ро тазаккур дода, масъалахои муборизаи дастачамъи зидди зухуроти хавфноки терроризму экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва даъвати чавонон ба сафи Куввахои Мусаллахи ЧТ-ро ба риштаи тахлил кашид.
Комиссари харбии шахр Амирхамза Аваз-ализода дар навбати худ бо баробари зикри пуршараф ва пурифтихор будани адои хизмати Ватан — Модар дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, шароитхои хуби зисту хизмат дар чузъу томхои Вазорати мудофиа ва Кушунхои сархади зарурати идомаи анаъанахои неки ачдоди дар боби хифзи марзу буми Ватани азизро гушзад намуд.
Сардори Шуъбаи 2-юми ВКД ЧТ дар шахри Исфара Косим Насимзода изхор дошт, ки «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир шахрвандон вазифадоранд, барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлол, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд».