Соли пурнишот

Аз минбари ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара хатмкардаи мактаби кадрҳои захиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Мавлонаи Меҳрона изҳор кард, ки Соли 2017 дар ҳаёти на танҳо ҷавонони Исфара, ҳатто дар хотири волидайни онҳо нақши муассир гузошт. Зеро сол, соли пурфайзу пурнишот, соли рӯй овардан ба нерӯи тавонои кишвар, ба сиёсати ҷавонон буд.
Ҳамаи дастовардҳо ва ғамхориҳои беназир ба ҷавонон аз он сарчашма гирифтанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назари хирадмандона соли 2017-ро ба ҷавонон бахшиданд.
Дар ин соли таърихи 650 нафар духтарони болаёқат ва ҷавонони дурандеши Исфара ояндаи хешро дар ормонҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарёфта, узвияти онро пазируфтанд, ки худ аз болоравии сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон шаҳодат дод.
Алҳол нақши аъзои ҷавони ҳизб дар рушди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти шаҳру деҳоти Исфара возеҳу равшан эҳсос мегардад. Ҳизбиёни ҷавон ва намояндагони Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ба истиқболи “Соли 2017- Соли ҷавонон” аз ибтидои сол таҳти шиорҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд”, “Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”, “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст”, “Ин Ватанро модар ба ман амонат додааст” ҳамоишҳо, аксияҳо ва сӯҳбату мулоқотҳо доир намуда, садоқати хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Истиқлолияти давлатӣ, ба низоми давлатдории миллӣ баён карданд.
Дар навбати худ тадбирҳои мазкур барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, саҳми ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Исфара, таҳким бахшидан ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз майл ба либоси бегона ва ҷараёнҳои ифротгаро мусоидат карда, ба афкори онҳо нерӯи тоза бахшиданд.
Ҳамоиш бо иштироки 80 нафар ҷавонони ҳизбии 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва беш аз 5000 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара дар маҷмааи таърихию фароғатии Лангари Моҳиён дар як вақт самти бо ҳам наздикшавии ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят буд. Дар ин ҳамоиш якчанд чорабиниҳои маърифатӣ фарҳангӣ, боздид аз ҷойҳои таърихиву сайёҳӣ ва шиносоӣ бо урфу одат ва анъанаҳои маҳалливу миллии ҷавонони Исфара низ доир гардида ба иштирокдорон таъссуроти нек боқӣ гузоштанд.
Аксияҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Хонобод, Кӯлканд, Чилгазӣ, Лаккон, Навгилем таҳти унвони “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон”, бозгӯ аз сарбаландии ҷавонони далеру шуҷои Ватан ва ифтихори падару модари онҳо аз чунин фарзанд буд, ки ба ҳамдеҳагон ва ҳамсолонашон меҳру муҳаббат ба Ватанро талқин мекарданд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара давоми сол чӣ қадар имтиёзҳои зиёд, чӣ ба таҳсил, чӣ ба шуғл ва чӣ ба варзиш дода шуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ барои соҳибият ба Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба майдонҳои варзишӣ ҳазорон мухлисону варзишгаронро гирд овард. Имрӯз ҳар як ҷавон, ҳар як оила миннатдории худро ба Пешвои миллат барои Соли ҷавонон иброз менамояд.
Дар Паёми навбати Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем”.
Чунин таъкиди саривақтии Пешвои миллат ифодаи оғози марҳилаи нави сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва ғамхории бештар ба онҳо мебошад. Ин гуфтор бори дигар аз меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба ҷавонон гувоҳи медиҳад. Ин муждаҳои Паёми навбатӣ мо ҷавононро вазифадор менамояд, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ, ба қадри сулҳу ваҳдат, ободии Ватан, ба қадри насли калонсол ҳамарӯза бирасем.
Воқеан мо ҷавонони ҳизбӣ болидахотир аз он ҳастем, ки дар чунин як давлати обод, озод, таҳти сарпарастии сарвари хирадманд, оқилу тавоно, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарем. Пайваста мавриди ғамхориҳо қарор дорем. Мо ҷавонони ҳизбӣ ҳамарӯза ба ин неъматҳои бебаҳо арҷгузор буда, нерӯи ҷавониамонро ба шукуфоии Тоҷикистон ба истиқболи арзандаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва соли омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар хоҳем кард.

Хатмкардаи мактаби кадрҳои захиравии
Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Мавлонаи Меҳрона