ШАХРАМОНРО ОБОД МЕКУНЕМ.

Дар шахру дехоти Исфара хафтаи дуюм аст, ки рузи шанбе мувофик ба даъвати макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати бахри таъмини ичроиши дастуру хидоятхои Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ хашари умумишахри баргузор мегардад.

Сарфи назар аз боду хавои сард дар ин кори хайр кормандони вохидхои сохтории макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, корхонаву ташкилот, муассисаву хочагихо, муаллимону мухассилини муассисахои таълими, сокинони махаллахои худуди шахр ва чамоатхои шахраку дехот ширкати фаъолона меварзанд.

Дар ин руз кучаву хиёбонхо, худуди корхонаву идорахо ва сахни хавлихои бинохои бисёрошёнаи истикомати рубучин гардида, нахру чуйбор аз партов тоза ва канори роххо, девори бинову иншоотхо ва бехи дарахтон сафед карда шуданд.

Хамчунин корхои вобаста ба нихолшинони идома ёфтанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар шахру дехоти Исфара чихати фарохамсохти шароит бахри таквият бахшидани амалхои созандагию бунёдкори, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуни ва нихолшинони ва ободу зебо гардонидани худуди шахру дехот маъракаи «100 рузи ободони» эълон карда шудааст. Муассисахои хизматрасони, чамоатхои шахраку дехот, кумитахои махаллахои шахр, чомеахои мехнати катъи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон вазифадор шудаанд, ки дар раванди маъракаи мазкур ширкати фаъолона варзида, чихати тозаю озода ва кабудизор намудани худуди махал, таъмиру азнавсози ва ба тартиб овардану ороиши намои бинохо, иншоотхои маъмури ва коргоххои худ чорахои мушаххас ва амали андешанд.