Подоши меҳнат

Дар ҷаласаи КИ ХҲДТ дар шаҳри Исфара аз фаъолияти меҳнатии ҳизбиён дар соли 2017 натиҷагирӣ карда шуд.

Тибқи қарорҳои раисони КИ ХҲДТ  дар вилояти Суғд С.Фаттоҳзода ва шаҳри Исфара Б.Асадуллоев барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии  фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва афзун намудани сафи аъзои ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, иштироки фаъолона дар ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёти кишвар аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриаливу аграрӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда  ва  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  «Субҳи Ватан»  дар шаҳри Исфара, тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо бунёди варзишгоҳи замонавӣ, иштироки фаъолона дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар «Соли 2017-Соли ҷавонон» Раҷабов Савриддин бо Ифтихорнома, Нуриддинов Ҳусейнхӯҷа Собитова Муқаддас Бобохоновна,  Каримов Рустамҷон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ, ташкили муташакилонаи маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, тақвияти фаъолияти молиявӣ, афзун намудани сафи аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои сиёсву ичтимоӣ, оммавию фарҳангӣ, сазовори мақоми аввал гаштани дастпарварони маорифи шаҳр байни шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ дар имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ  ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Раёсати маорифи шаҳр, саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва афзун намудани сафи аъзои ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Осоишгоҳи «Зумрад» бо Ифтихорнама ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара қадрдонӣ шуданд.

Барои ҳамкории судманд дар ташкили инъикоси воқеъбинонаю саривақтии ҳаёту фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ тавассути телевизион ва радиои маҳаллӣ, ташкили инъикоси воқеъбинонаю саривақтии ҳаёту фаъолияти ҳизбӣ, вусъатбахшии корҳои мафкуравӣ дар байни аъзои ҳизб тавассути рӯзномаи «Насими Исфара» ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мусоидат ҷиҳати дар сатҳи шоиста баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии ҳизбӣ ва болобурди сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа ба ҶДММ «Телевизиони Исфара», рӯзномаи “Насими Исфара», бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Исфара арзи сипос баён кард.

Фаъолони ҳизб Файзиддинов Маъруф, Алиматова Меҳри, Назаров Ғиёс, Қосимова Бароат, Зиёваддинзода Суруриддин, Абдуллоева Саёҳат, Азизов Мунаввархӯҷа, Розиқова Макнуна, барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳизбӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

 

Шӯъбаи таблиғот ва итилоотии

КИ ХХДТ дар шаҳри Исфара