Натиҷаи фаъолияти соли 2017

2-юми феврали соли 2018 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара “Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар соли 2017” ва “Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои нимсолаи аввали соли 2018”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Б.Асадуллоев, узви раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раиси шаҳри Исфара Д.Расулзода, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб дар беморхонаи марказии шаҳр Т.Мухаммедов, хатмкардаи мактаби кадрҳои захиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Мавлонаи Меҳрона, аъзои Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Ҳ.Тухтаев фаъолияти ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро хуб арзёбӣ ва оид ба ҳалли мушкилотҳои мавҷуда, изҳори андеша карданд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара сардори раёсати ташкилӣ ва омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ф.Зоҳидов иштирок ва суханронӣ кард.

 

Шӯъбаи таблиғот ва итилоотии

КИ ХХДТ дар шаҳри Исфара