ЧАШНИ САДА ДАР ИСФАРА

Дар шахри Исфара ба хотири арчгузори ба чашни милли — Сада чорабинихои зебои идона баргузор гардиданд.

Дар худуди боги фархангиву фарогатии ба номи Сайфуддини Исфаранги, ки макони асосии тачлили чашни бостони карор гирифта буд, дастранчи хунармандони халки, махсулоти кишоварзи, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо  ва тухмихои баландсифати зироатхои мухталиф ба намоиш ва бо нарххои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуданд.

 

 

Раиси шаҳр  Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни муборакбодии хеш дар ҷашни Сада ҳамзамон бо зикри он, ки чун вожаи Сада аслан марбут ба рақами сад аст ва ҷашни Сада муждарасон аз сипарӣ шудани фасли сармо ва фарорасии анқариби Наврӯз, наздик шудани фасли баҳор ва оғозбахшандаи амалҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор мебошад, дар ҳузури ширкатдорони тантана пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ҷашни фархундаи Сада «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз» эълон карда шавад.

Ин пешниҳод аз ҷониби беш аз 4000 нафар ширкатдорони тантана мавриди пазиройи қарор гирифт.
Дар ин радиф  хамзамон ба кишоварзони саховатпеша, аз
ҷумла ҳайати беш аз 16 ҳазорнафараи саҳмдорони 13 хазору 618 хоҷагии деҳқонии шаҳр барору омади кор таманно карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки тиб
қи нақша баҳори соли равон бояд дар Исфара дар масоҳати наздик ба 100 гектар боғи нав бунёд ва дар ҳаҷми 200 гектар боғҳои куҳнаву бесамар аз нав барқарор карда шаванд.
Ҳамчунон, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони Исфара бояд, ки соли ҷорӣ дар масоҳати 1000 гектар картошка ва 600 гектар помидор кишту парвариш намоянд.
Дар раванди чорабинb аз xумла гуфта шуд, ки «Агар, мо дар раванди маъракаи 100 р
ӯзи ободонӣ, ҳар яке лоақалл 1 бехӣ ниҳол ва гулу гулбутта шинондаю сабз кунонем, бешак Исфараи зебоманзар ба боғшаҳр ва гулистони воқеӣ табдил хоҳад ёфт» .
 

Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи ҷолиби консертӣ ба ҷашн ҳусни тозаву хотирмон бахшиданд.