100 РӯЗИ ОБОДОНӣ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ САДА

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни муборакбодии хеш дар ҷашни Сада ҳамзамон бо зикри он, ки чун вожаи Сада аслан марбут ба рақами сад аст ва ҷашни Сада муждарасон аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани анқариби Наврӯз, наздик шудани фасли баҳор ва оғозбахшандаи корҳои амалҳои омодагӣ ба мавсими нави  киштукор аст, дар ҳузури ширкатдорони тантана пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ҷашни фархундаи Сада «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз» эълон карда шавад.

 

Ин пешниҳоди Дилшод Расулзода аз ҷониби беш аз 4000 нафар сокинони шаҳр – ширкатдорони тантанаҳои ҷашни Сада, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ба ҳам омада буданд, мавриди пазиройи умум қарор ёфт.

Шаҳрдори Исфара дар раванди суханронии хеш ҳамзамон бо зикри арзишмандиҳои ин ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташу рушноӣ мебошад, ба мардум чунин таманно дошт: — «… Бигзор ду ҷавҳари муқаддас, яъне Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии мо гармӣ бахшояд ва оташу рӯшноӣ қалбҳои мардуми моро мунаввар созанд».

Чун ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзонмаҳсуб меёбад, Дилшод Расулзода кишоварзони саховатпешаи Исфарамарз, аз ҷумла ҳайати беш аз 16 ҳазораи саҳмдорони 13618 хоҷагии деҳқонии шаҳрро бо идашон хоссатан табрику таҳният гуфта, барояшон барору омади кор таманно намуд.

Мавсуф зимнан изҳор дошт, ки тибқи нақша баҳори соли равон бояд дар Исфара дар масоҳати наздик 100 гектар боғи нав бунёд ва дар ҳаҷми 200 гектар боғҳои куҳнаву бесамарро аз нав барқарор карда шаванд.

Ҳамчунон, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони Исфара бояд, ки соли ҷорӣ дар масоҳати 1000 гектар картошка, дар майдони 600 гектар помидор кишту парвариш намоянд.

«Агар, мо дар раванди маъракаи 100 рӯзи ободонӣ, ҳар яке лоақалл 1 бехӣ ниҳол ва гулу гулбутта шинондаю сабз кунонем, бешак Исфараи зебоманзари мо ба боғшаҳр ва гулистонт воқеӣ табдил хоҳад ёфт» — таъкид дошт Дилшод Расулзода.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи чорабиниҳоилили ҷашни Сада дар пешгоҳи  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ намоишу фурӯши ниҳоли дарахтори ҳамешасабз ва ҳосилдеҳ, навъҳои гуогуни тухмии зироатҳо ташкил гардида, ба сокинони шаҳр бо нархҳои нисбати бозор арзонтар маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ пешкаш карда шуд.

Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи ҷолиби консертӣ ба ҷашн ҳусни тозаву хотирмон бахшиданд.