ИШТИРОКИ РАСУЛЗОДА ДИЛШОД Ҷабборӣ ДАР МАЪРАКАИ НИХОЛШИНОНИ

Мувофик ба дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори бо ширкат дар шинонидани нихолхои дарахтони сояафкану ороиши дар боги назди бинои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр, боги фархангиву фарогатии ба номи Сайфуддини Исфаранги, сахни кароргохи раёсати маориф ва хиёбони ба номи Исмоили Сомонии маркази шахр ба таври расми ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшид. Раиси шахрро дар ин руз муовини аввали у Содирхон Косими ва рохбари дастгохи раиси шахр Фирдавс Ахмадиён хамрохи доштанд.
Аз чониби раиси шахр ба рохбарони вохидхои сохтории макомоти ичроия ва масъулини чомеахои мехнати барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғати дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Дар раванди маъракаи нихолшинонии рузи 27-уми январ дар маркази шахри Исфара беш аз 400 бех нихолхои сояафкану ороишии мухталиф шинонида шуданд.