ШАҲРДОРИ ИСФАРА БА АҲЛИ АДАБ ТАВАҶҶУҲИ ХОСА ДОРАД

Аҳли илму адаб ва зиёиёни Исфарамарз таҳти таваҷҷуҳи хоса ва пуштибониҳои Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ қарор доранд.
Моҳе қабл аз ин бо саъю эҳтимоми мавсуф маҳфили эҷодии шоири маъруф Нарзуллои Азизиён дар сатҳи шоиста ва хотирмон баргузор гардида буд.
Ва имрӯз низ бо иқдоми шаҳрдор маҳфили эҷодии шоир Исматуллоҳи Абдуллоҳ хушоянди ширкатдоронаш ташкилу баргузор гардид.
Дилшод Расулзода зимни суханронии хеш дар ин маҳфил изҳори қаноатмандӣ аз он дошт, ки «Соли 2017 аз ифтитоҳи муҷассамаи шоири классики тоҷик Сайфуддини Исфарангӣ, азнавсозии гулбоғи марказӣ, ки номи шоирро дорад, табъу нашри Девон ва «Осори мунтахаб»-и шоир, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омаданд, то ба баргузории маҳфил ба ифтихори 30-солагии фаъолияти эҷодии Нарзуллои Азизиён саршор аз рӯйдодҳои муҳим ва дар асл як соли фарҳангӣ буд.
Баргузории маҳфилҳои илмию эҷодӣ бахшида ба ҷашни 120-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ – бунёдгузори рӯзномаи «Насими Исфара» Ибниямин Асомиддинзода, зодрӯзи шахсиятҳои адабпарвари диёр Лутфӣ ва Шавкат Саидовҳо, инчунин 40-солагии фаъолияти эҷодии адибу публитсисти маъруф Бобоҷони Икром дар зеҳну маънавиёти аҳли ҷомеа таъсиргузор буданд».
Шаҳрдор ҳамзамон бо арзи сипос ба унвонии Исматуллоҳи Абдуллоҳ барои фаъолияти босамари меҳнатию эҷодӣ, ранҷу заҳматҳои зиёд ва саҳми чашмрасаш дар ҷодаи фарҳангу маънавиёт, густаришбахшии завқи зебоипарастонаи мардум ва таълиму тарбияи неки наврасон, изҳори умедворӣ аз он намуд, ки аҳли адаби Исфарамарз бо қалами сабз ва сухани созандаи худ дар оянда низ ба рушди фарҳангӣ ва болорафти маънавиёти аҳли ҷомеа саҳми хоссаи худро мегузоранд.
Бино ба дастуроти Дилшод Расулзода маҳфили илмию адабӣ ва фарҳангии «Ганҷи Исфара» моҳе як маротиба мунтазам ташкилу баргузор хоҳад гардид.