Мулоқоти раиси шаҳр дар Нурафшон

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар доираи нақшаи корӣ бо сокинони ҷамоати  шаҳраки  Нурафшон  мулоқот кард.

Нахуст  шаҳрдори Исфара  дар бинои ҷамоат  сокинони шаҳракро қабул  намуд.

Дар раванди қабули шаҳрвандон нурафшониҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои таъмири кӯдакистони шаҳрак, ҷудо намудани мошини ёрии таъҷилӣ,  пардохти саривақтии нафақа тавассути терминалҳои бонкӣ, расонидани кӯмаки моддū, ободонии шаҳрак ва амсоли ин ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Зимни  баррасии  масъалаҳои мазкур, раиси шаҳр дар назди масъулин вобаста ба ҳалли мусбати онҳо вазифагузорӣ намуд.

Пеш аз сӯҳбати ошкоро, ки  бо зиёда аз 150 нафар сокинони шаҳрак   доир шуд, шаҳрдори Исфара  Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони халқӣ, ки дар пешорӯи бинои ҷамоат ороста шуда буд, дидан намуд.

Минбаъд дар ҷараёни сўхбати самимū бо ҳозирин шаҳрдори Исфара масъалаҳои мубраму  ҳалталаб ва вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳракро  ба риштаи таҳлил кашид.Тавре зикр гардид, алҳол дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Нурафшон 1537 нафар сокинон зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо як маркази хизматрасонӣ, як муассисаи таълимӣ, кудакистон, нуқтаи бойторӣ ва ғайра хизмат мерасонанд.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ сокинон имкон доштанд бо дархосту суолҳои худ бобати таъминот бо ҷои кор, вусъати корҳои ободонū ва ғайра ба Расулзода Дилшод Ҷабборū муроҷиат намоянд.
Сарвари шахр дар раванди мулокот  масъулини макомоти ичроия ва сохторхои марбутаро барои дарёфти роххои халли масъалахои чойдошта  вазифадор намуда, ҳамзамон н аз ахли нишаст даъват ба амал овард, ки бо шукронаи давлати сохибистиклол ва фазои осудаву ором дар чабхаи мехнати созанда фаъолнокии бештар зохир намоянд.