305 ЧОЙИ КОРИ БО МАОШИ ТО 2000 СОМОНИ

Мувофиқ ба нақшаи муштараки кории МИМҲД ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолū дар шаҳри Исфара бо мақсади бо кори доими таъмин намудан ва бо касбомӯзū фаро гирифтани шаҳрвандони бешуғл, хамчунин таблиги сиёсати шугл ва хифзи мехнат дар Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Точикистон» ярмаркаи ҷойҳои холии кори баргузор гардид.
Дар ҷараёни ярмаркаи мазкур 40 адад корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ширкатдор ба интихоби корҷӯяндагон 305 адад ҷойҳои холиикориро бо музди аз 400 то 2000 сомонū пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа 5 нафар ба ҷойҳои кории доимū ва 16 нафар ба курсҳои касбомӯзū роҳхат гирифтанд.
Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолū дар шаҳри Исфара Нурилло Қурбонов, сардори хадамоти муҳоҷират Ғайрат Бобоев, чонишини раиси КИШ ХХДТ Обидбой Ахмадов, муовини раиси шўрои собикадорони шахр Каримбой Музаффаров, узви Шурои занони шахр Башорат Рахимова, мутахассиси муассисаи давлатии «Эхё ва рушди атласу адрасбофии дасти ва хунархои халки дар вилояти Сугд» М. Мирзоева, намояндаи Муассисаи давлатии маркази машварати ва омодагии пеш аз сафари мухочирати мехнати дар шахри Хучанд Ф. Иброхимов, намояндаи Бонки давлатии амонатгузории Точикистон «Амонатбонк» дар шахр А. Назиров ва мутахассиси пешбари филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Точикистон» дар шахр Бобохон Каюмов баромад карда, дар робита ба нуктаҳои марбут ба шуғли аҳолии Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ, имкониятҳои мавҷуда дар самти корёбиву азхудсозии касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талаботдошта, коидахои мухочирати мехнати, тарики пешниходи карзхои имтиёзнок ва грантхои касбомузи, зарурати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин васила паст кардани сатхи камбизоати маълумот доданд.
Ба иттилои сардори раёсати Агентии давлатии мехнат ва шугли ахоли Нурилло Курбонов дар шахри Исфара дар соли равон баргузории 14 ярмаркахои чойхои кории холи дар назар дошта шудааст.