Расулзода Дилшод Ҷабборӣ: ДАСТОВАРДҲОИ МО ЗИЁДАНД, АММО МО АЗ ИН ҚАНОАТМАНД НЕСТЕМ!

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара давоми соли 2017 нишасти матбуотӣ доир намуд.
Дар раванди нишаст намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию, вилоятӣ ва маҳаллӣ — намояндагони Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс», Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина», ҳафтаномаҳои «Согдийская правда», «Сухани халқ», маҷаллаи «Кайҳон», кормандони васоити ахбори умуми шаҳр – радио ва телевизиони Исфара, рӯзномаи «Насими Исфара», ҳафтаномаҳои «Имрӯз» ва «Хазинаи маърифат», маҷаллаи «Ганҷи Исфара» ширкат доштанд.
Ҳамзамон бо пешниҳоди Пресс-релиз оида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара дар соли 2017, Дилшод Расулзода дар назди намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир ба вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ маълумоти мухтасар пеш овард.
Зимнан тазаккур ёфт, ки дар соли сипаригардида дар шаҳри Исфара ба маблағи 296,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасониҳои пулакӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ин нишондод нисбати арқоми ҳаминдавраи соли 2016 18,3 миллион сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 106,6 фоизро ташкил додааст.
Дар ин муддат 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Соли сипаришуда бунёди беш аз 30 иншооти хусусияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонидошта ба субут расонида аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 33 миллиону 954 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.
Бино бар суханони шаҳрдор соли гузашта маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 2,6 маротиба ва ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 376 миллион сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбати нишондоди соли 2016-ум 3,3 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Дар ин давра, бо маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ, саҳмгузории молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ 43 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 21,2 млн сомонӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Ба ин васила, аз ҷумла мушкилоти сокинони деҳаҳои алоҳидаи ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чилгазӣ, Кӯлканд, Навгилем ва Шаҳрак ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст.
Шаҳрдор зимни баёни натиҷаҳои фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ аз он намуд, ки аҳли маорифи Исфара тайи соли гузашта ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бо натиҷабардорӣ аз иштироки толибилмон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара соли 2017 дар байни 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат мақоми ҳаштум ва аз рӯи холи миёнаи умумӣ аз фанҳои имтиҳонӣ мавқеи аввалро соҳибӣ карданд.
Тавре Дилшод Расулзода дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт: — “… Метавон гуфт, ки нишондиҳандаҳои мо дар дигар соҳаву самтҳои фаъолият, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, савдою хизматрасонӣ низ нисбат ба нишондодҳои соли 2016 беҳтар ҳастанд.
Аммо, мо аз ин нишондодҳо, дар маҷмӯъ аз дастовардҳои худ дар кулли самту соҳаҳои фаъолият қаноатманду хотирҷамъ нестем, зеро дар баробари пешравиҳо захираҳои ҳанӯз истифоданашуда ва дар баъзе самтҳои фаъолият камбудию норасоиҳо низ кам нестанд”.
Минбаъд рӯзноманигорон ба раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои сатҳи омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба паёмадҳои бозшавии эҳтимолии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҷиҳати вусъат бахшидани соҳаи хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр, имконияти беҳбудбахшии таъминот бо об дар шаҳраки Шӯроб, ташкили коргоҳи маҳсулоти кулолии ҳаҷман хурди савғотӣ барои сайёҳон дар заминаи ҶСК «Нилуфар», рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, арзёбии таъсири фаъолгардии сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр http://isfara.tj, почтаи электронии раиси шаҳри Исфара isfaramarz@gmail.com ва ҳам шумораҳои мобилии шаҳрдор дар шабакаҳои «Viber» ва «Whats App»дар кори дастгоҳи раиси шаҳр, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Исфара, сатҳу сифати маъракаи яхобмонӣ дар заминҳои кишоварзӣ, тадбирҳандешиҳо дар самти баргардонидани донишҷӯёни дар макотиби динии хориҷа таҳсил ва дар набардҳои мусаллаҳонаи мамолики хориҷа ширкатдошта, азнавсозии шоҳроҳи Исфара — Хуҷанд ва арзонкунии нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ суолҳо пешниҳод намуда посух гирифтанд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Маркази санҷишии минтақавии Тоҷикстандарт дар вилоят Абдумавлон Раҳимзода ва муовинони соҳавии раиси шаҳр ҳузур доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки мувофиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 дар ҳар нимсола бояд роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз натиҷаи фаъолияти худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаронӣ карда, ба саволҳои журналистон ҷавоб гӯянд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр