Ибтидо аз 20-уми январи соли равон бо тавсия ва даъвати ичрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Сугд

Ибтидо аз 20-уми январи соли равон бо тавсия ва даъвати ичрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода ва тибки дастури раиси шахри Исфара Расулзода Дилшод Чаббори дар худуди шахру дехоти Исфара нархи 1 килограмм гушти гов 33 сомони ва 1 килограмм гушт ва равгани гусфанд 36 сомони мукаррар карда шуд.

Худи хамон руз бо дархости макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара тавассути расонахои хабарии махалли эълон карда шуд, ки дар сурати аз чониби фурушандагон вайрон карда шудани нархи мукарраршуда шахрвандон метавонанд ба маркази санчишии минтакавии Точикстандарт ё худ ба макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр мурочиат намоянд.

Рузи якшанбе гурухи наворбардории Телевизиони Исфара аз бозори марказии шахр дидан намуда, муайн кард, ки вокеан хам мукаррароти нави нархгузори ба гушт  аз чониби фурушандагон комилан риоя мешавад ва гузашта аз он сохибони нуктахои савдо ба хуби мохияти ин икдоми рохбарияти вилоят ва шахрро дарк мекунанд ва дастгири менамоянд.

Шахрвандон бошанд, бо каноатманди изхор доштанд, ки даъвати раиси вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода ва дастури раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори дар боби арзонкунии нархи гушт ва дастгирии икдоми мазкур аз чониби фурушандагон саривакти буд ва бозгуи  аз он дошт, ки сохторхои давлати аз вазъи ичтимоиву маишии ахоли ба хуби огахи доранд ва дар лахзахои зарури омодаанд ва кодиранд бахри сахлгардонии мушкилоти рузгори мардум тадбирхои зарури андешанд.