Дар мачлисгохи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара

Дар мачлисгохи калони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара таҳти раёсати раиси шахр Расулзода Дилшод Чаббори  вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 18-уми январ ба миён гузошта шуданд, машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат муовинони раиси шахр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлати, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони чамоатхои шахраку дехот, ташкилоту идораҳо, соҳаи бонкдорӣ ва намояндагони расонахои хабари ширкат варзиданд.  Дар машварати корӣ вазифаҳо барои соли равон дар асоси супоришоти Сарвари давлат дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти чаласа раиси шахр ба масъулини соҳаҳои дахлдор вобаста ба истифодаи захираву имкониятҳои мавчудаи истеҳсолӣ, таъмини рушди бештари сохаи саноат ва ичроиши барномахои давлати, бунёди корхонахои хурди истехсоли (аз кабили корхонахои истехсоли махсулоти шириву макарон), афзун намудани содироти маҳсулот, кохиш додани карзи андози корхонахои саноати ва чамъоварии маблаги барки истифодашуда супоришхои мушаххас дод.

Хамчунин зарурати афзун намудани хачми истехсоли картошка ва фарогирии хамаи заминхои кишоварзи бо яхобмони ба таври хоса таъкид ёфт.

Зимнан тазаккур дода шуд, ки фаъолияти корхонахои дузандаги вусъат дода шуда, таъминоти хонандагони муассисахои таълими аз хисоби махсулоти коргоххои худи рохандози гардад. Ин бошад, дар навбати худ имкон медиҳад, ки воридоти либосҳои пастсифату барои саломатии хонандагон зиёновар пешгирӣ карда шавад.

Раёсати маориф вазифадор шуд, ки имсол ҷиҳати таъмири мактабҳои садамавӣ ва таҷҳизонидани онхо бо лавозимоти заруриву замонави тадбирхои муассир андешад.

Хамчунин масъулин дар робита бо ташкили чорабинихо бахшида ба Соли рушди сайёхи ва хунархои мардуми, сохтмони иншоотхои варзиши, таргиби тарзи хаёти солим, оммави гардонидани варзиш ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру хидоятхо гирифтанд.