Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 22-юми декабри соли 2017 аз чумла зикр карда шуд, ки «Хукумати кишвар ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Масалан, маблағгузории хона — интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кӯдакон ба як кӯдак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд мебошад.

Барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад, ки афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил медиҳад».

Боиси каноатмандии хоса аст, ки дар ин раванд сохторхои давлатиро сохибкорони саховатманд ва чомеахои мехнати хамачониба дастгири менамоянд.

Ахиран, чомеаи мехнатии ташкилоти амонативу карзии хурди «Хумо» дар шахри Исфара дар мактабпарваришгохи махсуси бачахои кувваи босираашон суст ва зарири шахр гармоба ва хучраи шустушуи мучаххази замонавие бунёд намуд, ки аз чониби маъмурияти таълимгох тухфаи бехтарин дар мавсими таътили зимистона барои тарбиятгирандагон арзёби гардид.

Лозим ба тазаккур аст, ки сарвари ташкилоти амонативу карзии хурди «Хумо» Хокимчон Набиев замони ташриф ба мактабпарваришгох ба хотири тахнияти тарбиятгирандагон ба муносибати фарорасии соли нави мелоди ва хадяи сару либос ва пойафзолхои зимистона ва шиносои бо вазъи будубоши мухассилини кувваи босираашон суст ва зарир ваъда дода буд, ки дар мавсими таътили зимистона дар худуди хобгох барои тарбиятгирандагон хамоме бунёд хохад кард.

Акнун бошад, рохбарияти ташкилоти амонативу карзии хурди «Хумо» тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик дархои хобгохи тарбиятгирандагонро бо дархои замонавии пластики иваз намояд.