САРЗАМИНИ ОРЗУХО

Мехру мухаббат ва садокат ба диёри хеш яке аз фазилатхои хубу хамида ва бузурги инсонист. Агар ин фазилат харчи бештар мардумро фарогир бошад, хатман зодгох, сарзамини ин гуна одамон бо маънои том саросар ободу зебо мегардад, рушду нуму мекунад, ба хонадони онхо файзу баракат ва ба сокинонаш бахту саодат меорад.
Аз ин лихоз, хар он чизе ки Исфара дар тули солхо ноил гардидааст, аз фазилати мардумонаш сарчашма мегирад ва садсолахо аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Махз хамин мехру мухаббати бепоён ба сарзамини худ аст, ки ба мардуми Исфара мехнатдусти, хунарманди, эчодкори хос буда, бо мехнатдустиву мехмоннавозиашон ном баровардаанд. Шояд аз хамин бошад, ки табиат хам барои мардуми Исфара саховаташро дарег надошта, чашми мухаббат суйи онхо духта ва дасти мухаббат сари онхо гузоштааст.
Шахри Исфара бархак гушаи афсонавии Точикистон махсуб мешавад. Хар касе ки боре аз табиати зебо, пазироии гарми сокинонаш бахраманд мешавад, бо руху табъи болида боз орзуи дидани ин сарзамин мекунад. Фарзандонаш бошанд, хамеша азму талош меварзанд, ки диёрашон боз хам ободтару зеботар гардад. Чун Точикистон сохибистиклол асту ба мисли Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон сарвари хирадманду механпараст дорад, орзуяшон хатман амали хохад гашт. Ва хато намешавад, агар гуем, ки Исфараи бостониву тозачахон сарзамини орзухост