Паррандапарварӣ дар деҳаи Чоркӯҳ

Соҳибкор Баҳодур Абдухаллоқов дар деҳаи Чоркӯҳ ба парвариши 2000 сар мурғ машғул аст.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ зарурати ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз ба таври хоса тазаккур дода шуд.

Соҳибкор Баҳодур Абдухаллоқов, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара мегӯяд, ки ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардидани соҳаи паррандапарварӣ ин ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба истеҳсолкунандагони ватанӣ буда, аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа иқдоми саривақтист. Зеро солҳои охир сатҳу сифати маҳсулоти ҳамсони аз хориҷа воридшаванда боиси нигарониҳои ҷиддӣ мегардад.

Баҳодур Абдухаллоқов имрӯзҳо дар маҳалли зисташ бо парвариши беш аз 2 ҳазор сар мурғ машғул буда, то ҳадде дар коҳиш додани арзиши гӯшту тухми парранда дар деҳаи дорои аҳолии анқариб 40 ҳазор нафара саҳми шоён мегузорад.

Ӯ мегӯяд, ки таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат нисбат ба соҳа барояш имконият фароҳам оварданд, ки минбаъд саршумори мурғ ва теъдоди ҷойи кориашро дар коргоҳаш ду маротиба афзун намояд.