Донишсанҷӣ дар кишвар

Довталабони шаҳру деҳоти Исфара байни довталабони 68 шаҳру навоҳии мамлакат бо соҳибият ба холи миёнаи 17,29 дар мавқеи 1-ум қарор гирифтанд.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст.
Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.
Бино ба гуфтаи сардори раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саид- зода маорифчиёни Исфара аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи таълиму тарбия илҳому нерӯи тоза гирифта, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас бо таҳлилу хулосабарорӣ аз фаъолияти давраи сипаришуда нақшаи чорабиниҳои мушаххасро тарҳрезӣ намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир меандешанд.
Боиси қаноатмандии хоса аст, ки шурӯъ аз соли 2014 маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат бо мақсади таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ раванди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ мешавад.
Аз ин хотир арзёбии сатҳи дониши муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара дар такя ба натиҷаи иштироки довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва муайянсозии вазифаҳо барои давраи минбаъда мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки соли 2017 дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз шаҳру деҳоти Исфара 1810 нафар иштирок намуда, 1361 нафар комёб шуданд, ки 75,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда байни 68 шаҳру навоҳии мамлакат мақоми 8-умро бозгӯйӣ мекунад, ки дар асл чандон бад нест.
Довталабон аз шаҳри Исфара дар миқёси кишвар аз рӯйи холҳои миёнаи имтиҳоноти фанҳои забони тоҷикӣ (имтиҳони қисми А, холи ҳадди аксар — 48, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 25) ва математика (имтиҳони қисми А, холи ҳадди аксар — 38, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 20) мувофиқан бо холҳои миёнаи 30,03 ва 13,59 дар мақоми 1-ум, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ (имтиҳони қисми А, холи ҳадди аксар — 48, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 25) бо холи миёнаи 19,67 дар мақоми 3-юм, биология (имтиҳони қисми Б, дар гурӯҳи ихтисосҳои 5-тиб, биология ва варзиш, холи ҳадди аксар — 44, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 23) бо холи миёнаи 17,14 дар мақоми 6-ум, химия (имтиҳони қисми Б, дар гурӯҳи ихтисосҳои 5-тиб, биология ва варзиш, холи ҳадди аксар — 37, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 20) бо холи миёнаи 11,99 дар мақоми 7-ум, физика (имтиҳони қисми Б, аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳои 1-табиӣ ва техникӣ, холи ҳадди аксар — 42, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 22) дар мақоми 10-ум ва забони хориҷӣ (имтиҳони қисми Б, дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-филология, педагогика ва санъат, холи ҳадди аксар — 32, холи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 17) бо холи миёнаи 12,61 дар мақоми 13-ум мавқеъ ёфтанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз рӯйи холи миёнаи умумӣ аз фанҳои имтиҳонӣ (холи миёнаи ҳадди аксар 41, 29, холи миёнаи ҳадди ақалли мусбии нишондоди сатҳи дониш — 21,71) довталабони шаҳру деҳоти Исфара байни довталабони 68 шаҳру навоҳии мамлакат бо соҳибият ба холи миёнаи 17,29 дар мавқеи 1-ум қарор гирифтанд.
Дар раёсати маорифи шаҳр мегӯянд, ки агарчӣ ин дастовард дар миқёси мамлакат чандон бад набошад ҳам, вале масъулини соҳа ва омӯзгоронро қонеъ гардонда наметавонад.
Зеро натиҷаи муқоисаи холҳои миёнаи ба дастовардаи довталабон ва холи ҳадди аксар бозгӯйӣ аз он дорад, ки бояд баҳри таълими фанҳои забони тоҷикиву математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, биология ва химия тадбирандешиҳои иловагӣ рӯйи кор оварда шаванд. Омӯзиши фанҳои физика ва забони хориҷӣ бошанд, бидуни шак беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.
Аз рӯйи ҷамъбасти умумии натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар байни муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара литсейи № 1 (холи миёна 23,66), литсейи рақами 6 (холи миёна 22,08), МТМУ№50 (холи миёна 21,50), литсейи №2 (холи миёна 21,37), Литсейи №3 (холи миёна 20,58), литсейи рақами 7 (холи миёна 20,47), МТМУ №45 (холи миёна 19,57), МТМУ №72 (холи миёна 19,27), литсейи №5 (холи миёна 18,53) ва МТМУ №21 (холи миёна 18,11) мувофиқан мақомҳои аз якум то даҳумро ишғол намуданд, ки намунаи ибрат ва пайгирӣ ба дигар муассисаҳои таълимӣ мебошанд.