Шарҳу тавзеҳи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат

Дар маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Исфара вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова ва аъзои гурӯҳи таблиѓотӣ бо фаъолони шаҳр дар иртибот бо нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат Эмомалū Раҳмон сӯҳбати муфиде анҷом доданд.
Мулоқотро раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборї ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд.
Хайати корӣ доири нуктаҳои муҳими Паёми имсола ҳарф зада, оид ба масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пешгирии ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа аз қабили шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, иштироки ҷавонон дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд , ибрози назар намуданд.
Зикр гардид, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар нигаронида шудааст.
Озодиву истиқлолият барои мардуми тоҷик дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта сокинони кишвар барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозанд ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунанд.
Вохӯри дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.