Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ бо хадафи шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ бо хадафи шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Ахиран дар дехаи Чоркух вакили Маxчлиси намояндагони Маxчлиси Олии Чумхурии Точикистон Мавзуна Шарофиддинова, профессори Донишгохи забонхои ба номи Сотим Улугзода Аъзам Худойдодов, муовини аввали раиси шахр Содирхон Косими ва прокурори шахр Рахмонзода Анвар Хол бо мардум мулокот анчом дода, дар хошияи Паёми Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Чумхурии Точикистонро шарху тавзех
доданд.
Мавзуна Шарофиддинова ва Аъзам Худойдодов бо маъние изхор доштанд, ки таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи Рохбари давлат ва Хукумати ЧТ-ро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.
Сиёсати «дарҳои кушода» доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст.
Прокурори шахр Рахмонзода Анвар Хол таваччухи хозиринро умдатан ба нуктахои Паёми Пешвои миллат, ки масъалахои мубориза бо чинояткори, таъмини амният ва волоияти конун дар чомеаро дар бар мегирифтанд чалб намуд.
Зимнан бо овардани иктибос аз Паём тазаккур дода шуд, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кишвар ва умуман кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Аз ин хотир мо бояд дар самти хифзи фазои осудаву ором ва амнияти Ватан ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем».
Муовини аввали раиси шахр Содирхон Косими зимни чамъбасти мулокот аз чумла таъкид дошт, ки Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҳаёти босаодат буда, барои зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Мардуми сарбаланду некноми Исфараи бостонӣ ин Паёми раҳнаморо ҳаматарафа омӯхта, сармашқи кори хеш карор дода, баҳри амалӣ гардидани он кӯшиш менамоянд.