Дар беморхонаи марказии шахри Исфара директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода

Дар беморхонаи марказии шахри Исфара директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси — точикии Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов, устоди филиали донишгохи технологии Точикистон дар шахри Исфара Мучиба Чавхари, сардори шуъбаи шахрии кумитаи давлатии амнияти милли Илхом Мирзоев ва раиси кумитаи ичроияи шахрии ХХДТ дар шахри Исфара Бурхонбек Асадуллоев бо кормандони сохаи тандурусти мулокот намуда, нуктахои мухими Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонро шарху тавзех доданд.

Дар чараёни вохури аз чумла тазаккур дода шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

Вале нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъ аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон пешниход карда шуд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.Дар рафти мулокот сардухтури Беморхонаи марказии шахр Тайибиддин Мухаммедов низ баромад намуда, аз гамхорихои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ёдовар шуд.