Чунин як мулоқоти судманди ҳайати гуруҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Чунин як мулоқоти судманди ҳайати гуруҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Ворух доир гардид.
Зимни мулоқот директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов, раиси Суди шаҳри Исфара Тоҷиддин Ҳафиззода, сардори шӯъбачаи КДАМ дар деҳаи Ворух Фарҳод Ғоибов ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои дурахшон барои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар маҳсуб ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварро муайян намуд. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6 фоиз, савдои чакана 6,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Баромадкунандагон доир ба эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ намуда, зикр доштанд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.
Мулоқот самимӣ сурат гирифта, сокинон ҷонибдории худро ба нуктаҳои Паёми имсола иброз доштанд.