Дар шахру дехоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шахру дехоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарху тавзехи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Дар ин радиф дар Чамъияти Саххомии Кушодаи «Корхонаи кимиёви» мулокот бо директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси — точикии Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов ва намояндагони шуъбаи шахрии кумитаи давлатии амнияти милли ва кумитаи ичроияи шахрии ХХДТ сурат гирифт.
Дар чараёни он, доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон маълумот дода шуд.
Зимнан таъкид гардид, ки таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст.
Дар рафти мулокот хамчунин тазаккур ёфт, ки мувофик ба дастури Президенти мамлакат минбаъд фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ арзёби мегардад.
Мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат зарур донистанд, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.