Дар Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Дар Паёми Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон » Косиди сулх ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ арзёби гардидани варзиш ва дар назди рохбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузошта шудани вазифа дар боби  тахияи нақшаи чорабиниҳо ва сафарбарсозии хамаи имкониятхо ба оммавигардонии варзиш то чашни 30 солагии Истиклолияти давлати ба масъулини сохаи варзиши шахри Исфара дар амалигардонии накшаву ниятхои нек дар мавриди  таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш руху илхоми тоза бахшид.

Дар ин чо аллакай дар ин чода накшахои мушаххас тахрези ва чорабинихои муайян амали гардонида мешаванд.

Ахиран дар варзишгохи марказии шахри Исфара бо чалби хаводорони сершумори варзиш мусобикаи футбол оид ба дарёфти Чоми шахр баргузор гардид, ки дар чараёни он беш аз 10 дастахои бехтарин ширкат варзиданд.

Пас аз кувваозмоихои тезутунд ва шавковар ба дастахои Ориёнбонк, Умед, Зумрад ва Богдори муяссар гардид, ки ба давраи нимнихои роххат бигиранд.

Дар анчом барои пирузии комил ва сохибият ба Чоми шахри Исфара бошад, ду дастаи бехтарини мусобика — «Ориёнбонк»-и чамоати дехоти Навгилем ва «Зумрад»-и осоишгохи Зумрад мубориза бурданд.

Аз сатхи тезутунд ва шавковарии бозии нихоии мусобика 8 туби ба дарвозахо воридшуда метавонанд ба хуби шаходат диханд.

Хамин тавр дастаи Ориёнбонк бо маглубсозии хариф бо хисоби 5 бар 3 сохиби Чоми шахри Исфара гардид.

Дар хатми мусобика муовини раиси шахр  ва масъулини дигари соха дар вазъи тантанави ба дастахои бехтарин Сипоснома ва тухфахои хотирави супориданд.