Имрузхо кишвари азизи мо ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон,

Имрузхо кишвари азизи мо ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва захмати халки сохибмаърифату тамаддунсози кишвар ба мархалаи нави рушд ворид шудааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчаги дар мамлакат имкон дод, ки маҷрои рушди иқтисоди милли ба куллӣ тағйир ёфта, барномаҳои нави давлати кабул карда шаванд, сохтори давлатдори, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшида шуд, иқтидорҳои нави истеҳсоли ба кор даромаданд, сокинони мамлакат дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин шуда, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон дар Паём ба Мачлиси Олии Чумхурии Тоxикистон аз 22-юми декабри соли 2017 изхор доштанд, ки акнун «Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд….

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем».

Дар радифи ин гуфтахо Президенти мамлакат мухтарам Эмомали  Рахмон аз вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва ба таври хоса аз чавонон даъват ба амал оварданд, ки  минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.

Чавонон бояд имруз амикан дарк намоянд, ки бо шомилгарди ба хизбу харакатхои ифроти ва бозичаи дасти гуруххои манфиатчуйу чоххох шудан, онхо натанхо хаёти худро месузонанду зиндагии ахли оилаашонро талх ва хамсару фарзандонашонро бадбахт мекунанд, балки дар рохи рушду равнаки мамлакат ва болоравии сатху сифати зиндагии хамватанон монеа эчод намуда, дар афзунгардии куввахои бади дар олам сахм мегузоранд.

Мо кормандони бахши чавонон ва варзиши шахри Исфара дар чараёни фаъолияти харрузаи худ ва сухбату мулокотхо ба хуби эхсос мекунем, ки насли наврасу чавони хушрузу баландиқболи диёр чонибдори комили сиёсати окилонаву одилонаи рохбарияти давлат ва хукумат  буда,  зухуроти  терроризму экстрмизмро дар чомеа дар хамагуна шаклу намуд махкум месозанд ва омодаанд, ки алайхи ин вабои аср дар хама чабхахо муборизаи беамон баранд.

Бахши чавонон ва варзиш тасмим гирифтааст дар фаъолияти минбаъдаи худ пеш аз хама аз тарики сухбату мулокотхо ва ташкили чорабинихои оммави барои эчоди фазои оштинопазир бо терроризм дар чомеа мусоидат намояд.

Дар ин радиф таваччухи хоса ба масъалахои тарбияи сиёси, иктисоди ва ахлокии чавонон, хамчунин вусъати корхои ташвикотию таргиботи аз тарики расонахои хабари ва шабакахои ичтимои байни мухочирони мехнати дар хамкори бо идораву ташкилот ва муассисахои марбута яке аз самтхои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи мо хохад буд.

Чавонон бояд аз нигохи сиёси саводноку хушёр бошанду ба ягон шахс ё кувва ичозат надиханд, ки хатто фикри фитнаандозиро дар байни мардуми Точикистон ба сарашон рох диханд.

Мо ичозат намедихем, ки кишвари моро валангор созанд!

 

 

МОХРУ ТУРАЕВА

МУДИРИ БАХШИ КОР БО ЧАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАХРИ ИСФАРА

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *