Вобаста ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

Вобаста ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, дар шаҳри Исфара силсилавохӯриҳо бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуда истодааст.
Аз ҷумлаи чунин вохӯрӣ дар Раёсати маорифи шаҳр доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Исфара Муҳаммад Муҳиддинзода ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва маърӯзачиёни вохӯриро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова, профессори Донишгоҳи забонхои ба номи Сотим Улугзода Аъзам Худойдодов, муовини прокурори шаҳр Самеҷон Шарифзода иштирокдори вохӯрӣ буданд.
Мавзуна Шарофиддинова зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки ҳамасола ироа гардидани Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва он сол то сол вусъати хоса ба худ касб мекунад. Паёмрасонии сарони кишварҳо таърихи кӯҳан дошта, аввалин Паёми Президентро Ҷорҷ Вашингтон ба намояндагони кишвари Иолоти муттаҳидаи Амрико расонида буд. Минбаъд ин таҷриба дар дигар кишварҳо низ паҳн гардид.
Вакили мардумӣ иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат аз сиёсати хориҷӣ оғоз гардида, дар он роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва сайёҳӣ сухан рафтааст. Махсусан роҷеъ ба тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Масъалаҳои беҳбудӣ бахшидан ба некӯаҳволии ҷомеа бо баланд кардани музди маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз аз санаи 1 сентябри соли 2018, ҳамчунин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Аъзои гуруҳи таргиботӣ ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати «дарҳои кушод», раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” нооромиву низоъҳо маърӯза намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *