Бо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии мухтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд вохӯрии ҳайати гуруҳи корӣ бо сокинони деҳа доир гардид.
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов, корманди масъули шӯъбаи шаҳрии КДАМ Фаррух Умаров, мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД вилояти Сугд Озифхон Шарифзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев ҳузур доштанд.

Директори Маркази исломшиносии Точикистон Файзулло Баротзода зимни баромади хеш таъкид сохт, ки «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи фурсатҳои ҳузури соли нави милодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафҳои аслии фаъолияти ҷомеаи Тоҷикистонро барои боз як соли дигар муқаррар намуд. Шурӯъи Паём бо шарҳу тафсири вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва омилҳои хатарзо ба амнияти ҷомеаи инсонӣ гувоҳ бар он гардид, ки воқеан имрӯз нақши Тоҷикистон дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ, хоса таъмини амнияти минтақа вобаста ба иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат хеле муассир мебошад”.
Мудири кафедраи Донишгохи миллии Точикистон Муртазо Зайниддинов баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки “Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогирии тамоми соҳоти хоҷагии халқи кишвар ва бозгӯйи сиёсати дохиливу хориҷӣ буд. Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст”.
Дар Паёми навбати Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем.Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд”.

Чанде аз иштирокдорони мулоқот низ баромад намуда, омодагии худро дар роҳандозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд