Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрузхо дар мавзеъхои мухталифи шахру дехоти Исфара гуруххои таргиботи бо мардум мулокот доир менамоянд.
Ахиран, вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Мавзуна Шарофиддинзода, профессори Донишгохи забонхои ба номи Сотим Улугзода Аъзам Худойдодов, муовини прокурори шахр Саминчон Шарифзода ва муовини раиси шахр Мухаммадхуча Мухиддинзода бо беш аз 210 нафар сокинони чамоати дехоти Навгилем мулокот доир намуданд.
Дар чараёни нишасти мазкур тамоми нуктахои мухими Паёми Президенти мамлакат, аз чумлаи дастовардхои иктисодиву ичтимои ва сиёси дар даврони истиклолияти давлати, самтхои асосии сиёсати дохиливу хоричии хукумати Чумхурии Точикистон дар давраи минбаъда ва вазифагузорихои Пешвои миллат дар назди ахли чамоатчигии мамлакат чихати хифзи сулху субот дар чомеа шарху тавзех дода шуданд.
Баромадкунандагон дар такя ба Паёми Рохбари давлат зикр намуданд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.